Гуфтугӯи телефонии вазирони дифои Русия ва Амрико: Шойгу ва Ллойд аз чӣ гуфтанд?

Вазирони мудофиаи Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаҳои муҳими амнияти байналмилалиро муҳокима кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ва ҳамтои амрикоии ӯ Ллойд Остин, раиси Пентагон, телефонӣ гуфтугӯ кардаанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуоти Вазири дифоъи Русяия ҷонибҳо дар ин тамос вазъи Украинаро баррасӣ кардаанд.
"Масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла вазъ дар Украина баррасӣ шуданд", - омадааст дар изҳороти вазорат.
Мулоқот имрӯз 21 октябр доир гардида, тафсилоти дигар дода нашудааст.
Бори охир вазорати дифои Русия дар бораи тамоси Шайгу бо Остин моҳи май хабар дода буд.
Собиқ сафири ИМА дар СССР: Киев бояд ҳудудҳои аз даст додаашро фаромӯш кунад
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомии худро дар Украина аз 24 феврал оғоз кард, ки то кунун идома дорад.
Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Дар назди нерӯҳои мусаллаҳ вазифаи озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия қарор дорад.