ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар Душанбе ярмаркаи васеи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор мешавад, ки дар он барои мутахассисон ҷойҳои корӣ бо маоши то 6500 сомонӣ пешниҳод мегардад, иттилоъ додааст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ярмаркаи мазкур дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Занони хушбахт” ташкил хоҳад шуд.
Ярмаркаи мазкур санаи 22 октябри соли ҷорӣ, соати 8:00 дар гулгашти назди бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён баргузор мешавад.
Зикр гардидааст, ки ярмаркаи васеи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки бонкҳо, ташкилотҳои хурди қарзӣ ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, тандурустӣ ва суғурта баргузор менамояд.
Ҳамзамон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қайд кардааст, ки музди меҳнат барои кормандон аз 2850 то 6500 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.