Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия бо ҳузури раисҷумҳур Владимир Путин сиёсати муҳоҷиратӣ ва амнияти миллӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Ба иттилои Кремл, иштирокдорони Шӯро бартарафсозии таҳдидҳо ба амнияти миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва танзими равандҳои ин соҳаро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ин робита гузориши муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев дар назар аст. Интизор меравад, ки Путин дар ин ҳамоиш аз тариқи видеоконфронс иштирок намояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар чаҳорчӯби Шӯрои амният Медведев як комиссияи байниидоравии такмили сиёсат дар соҳоаи муҳоҷиратро раҳбарӣ мекунад. Фармони президент дар бораи таъсиси комиссия 10 феврал нашр шуд.
Тибқи ин санад, комиссия ба таҳлили вазъи муҳоҷират дар Русия, муайян кардани таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба амнияти миллӣ дар соҳа, таҳияи пешниҳоду тавсияҳо ба Шӯрои амният машғул аст.
Қаблан эълон шуда буд, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҷаҳҳазсозии ниҳодҳои умури муҳоҷират матраҳ хоҳад шуд, ки бо назардошти замони муосир бояд амал кунанд. Медведев аз ҷумла аз омодасозии як лоиҳаи қонуни фарогир хабар дода буд, ки вуруду хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони хориҷиро танзим мекунад.