ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин эълон кард, ки ҳолати ҳарбӣ дар ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ва вилоятҳои Херсону Запроже бар асоси қавонин ФР роҳандозӣ мегарданд.
"Хотиррасон мекунам, ки қаблан дар ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва вилоёти Херсону Запороже ҳолати ҳарбӣ буд. Аммо баъди пайвастан ба Русия он бояд бар асоси қонунгузории кишвар роҳандозӣ шавад", - гуфт Путин.
Фармони Путин дар ин бора фавран барои тасдиқ ба Шӯрои Федератсия фиристода шуда, ҳолати ҳарбӣ аз ними шаб мавриди амал қарор мегирад.
Раисҷумҳури Русия зикр намуд, ки режими Киев эътирофи интихоби сокинони ин минтақаҳоро рад карда, бо истифода аз шеваҳои террористӣ онро мавриди зарба қарор медиҳад.
Қаблан дар Русия қонунҳои конститутсионии федералӣ ба тасвиб расиданд, ки бар асоси он ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ва вилоёти Херсону Запороже расман ба ФР пайвастанд.
Бар асоси асноди тасвибшуда, субъектҳои нав номашонро зимни пайвастшавӣ ба Русия ҳифз карда, созишномаҳо аз рӯзи имзояш мавриди амал қарор мегирад. Дар ҳамаи 4 субъекти нав то 1 январи соли 2026 марҳилаи гузариш ҷараён хоҳад дошт.
Воҳиди пулӣ рубл муқаррар шуда, то охири соли равон гардиши гривнаи украинӣ низ иҷозат дода мешавад.
Забони русӣ дар ин қаламравҳо давлатӣ эълон шуда, таъкид гардидаст, ки барои омӯзиши забонҳои дигари модарӣ тамоми шароит фароҳам мешавад.
Путин зимни имзои ин созишномаҳо дар Кремл гуфт, барои ин иқдом миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.