ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Бояд меъёрҳои ягонаи эътирофи гуруҳу созмонҳоро ҳамчуни террористӣ ва шинохти афроди алоҳида ҳамчун террорист мушаххас коркарду мушаххас шаванд.
Ин пешниҳодро вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе баён дошт.
Ӯ изҳор дошт, ки бо вуҷуди афзоиши фаъолияти террористӣ бар асари ҳодисаҳои дигар масоили марбути терроризм дар ҳошия монданд. Ба гуфтаи Раҳимзода дастрасии террористҳо ба силоҳи муосир ва технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ васеътар шудааст.
"Таҳлили вазъ нишон медиҳанд, ки роҳбарони созмонҳои байналмилалии террористӣ ҳамоно минтақаи Осиёи Марказиро ҳамчун афзалияти худ қарор додаанд", - илова намуд ӯ.
Вай сиёсату бархӯрди духӯра дар мавриди терроризмро, яке аз монеаҳои асосии татбиқи чораҳои мувофиқашудаи зиддитеррористӣ хонд.
"Бар асари бархӯрди духӯра гуруҳҳои террористӣ аз ҷониби бархе созмонҳо ва ҳатто давлатҳои алоҳида дастгирӣ мешаванд. Талошҳо бояд ба тахриби инфрасохтори низомии терроризми байналмилаллӣ равона шаваду аз ҳимояти сиёсӣ, молӣ ва ҳарбии ин гуруҳҳо ҷилавгирӣ гардад", - зарур хонд Раҳимзода.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон махсусан аз хатарҳои созмонҳои террористии "Ал-қоида"*, "ДОИШ"*, "Вилояти Хуросон"*, "Бародарони мусалмон"*, "Ҷамоати Ансоруллоҳ"*, "Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ"*, ҲНИТ* "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"*, "Ҷабҳат ан-Нусра"*, "Ҳизби таҳрир"* ҳушдор дод.
"Махсусияту хатари ин созмонҳо дар он аст, ки бархе аз хадамоти вижаи кишварҳои ҷаҳон гуруҳҳои террористиии мазкурро барои бароварда кардани аҳдофи геосиёсияшон истифода мекунанд", - таъкид кард Раҳимзода.
Вай афзуд, аксарияти ин созмонҳо таҳти феҳрасти СММ қарор дошта, зарур хонд, ки бархеи дигар низ ба ин феҳраст ворид шавад. Аммо аз созмони мушаххасе, ки бояд мавриди таҳрими СММ қарор дорад, ном набурд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия