ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Бояд аз инзивои Афғонистон ҷилавгирӣ карда шавад, изҳор дошт вазири умури хориҷии Ӯзбекистон дар ҳамоиши зиддитеррористӣ дар Душанбе.
Ӯ ҳушдор дод, ки дар инзивоъ қарор додани Афғонистон паёмадҳои манфӣ барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад. Вазири умури хориҷии Ӯзбекистон зарур хонд, ки кишварҳои ҷаҳону созмонҳои байналмилалӣ барои ҳалли масоили Афғонистон ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ мусоидат намоянд.
Вай иштирок дар тарҳҳои иқтисодию инфрасохтории Афғонистонро муҳим хонд. Норов ҳамчунин таъкид намуд, ки дурнамои рушд дар Осиёи Марказӣ ба вазъият дар Афғонистон вобаста мебошад.
Норов аз ташаббуси раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев зикр намуд, ки ахиран дар ҳамоиши Остона баён дошта, бар асоси он бояд гуруҳи махсуси намояндагон дар умури Афғонистон ташкил гардад, то иқдому ташаббусҳоро барои ҳалли масоили марбути ин кишвар баррасӣ ва пешниҳод намояд.
Дар зимн вазири умури хориҷии Ӯзбекистон аз дастовардҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо таҳдидҳо тавсиф кард, ки миёни давлатҳои минтақа табодули таҷриба ва иттилоот роҳандозӣ шудааст.
Ӯ ҳамчунин муҳим хонд, ки дар Осиёи Марказӣ дафтари минтақавии СММ барои мубориза бо терроризм ифтитоҳ ёбад.
Норов гуфт, талошҳо алайҳи терроризму экстремизм танҳо замоне муваффақ хоҳанд буд, ки дар сатҳи минтақавию глобалӣ ҳамоҳангшуда бошанд.