Ҳақназаров: Истифодаи гармӣ сарфи барқро 3 баробар кам мекунад

Ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки феълан навоҳии шаҳри Душанбе қисман бо гармӣ таъмин шуда, рӯзҳои наздик оби гарми қубурӣ дар тамоми шаҳр таъмин мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Истифода аз оби гарми қубурӣ дар Душанбе боиси 3 баробар сарфа шудани нерӯи барқ мегардад, изҳор дошт масъули Маркази барқу гармдиҳии дуюми пойтахт дар суҳбат бо "Ховар".
Ба иттилои ӯ Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ҳоло бо тамоми қувва ба фаъолият оғоз намудааст, ки дар як шабонарӯз 5400-5500 тонна ангишт масраф мешавад.
Сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" изҳор доштаст, ки феълан тақсимкунии оби гарм ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва як қисми ноҳияи Сино ба роҳ монда шуда, рӯзҳои наздик тамоми ноҳияҳои пойтахти кишвар бо оби гарми қубурӣ таъмин мегарданд.
Бар асоси омори расмӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз тарафи марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ наздики 2,8 ҳазор иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд.
Лимит ё таъмири шабакаҳои барқӣ: “Барқи тоҷик” боз аз камбуди обу сарфаи барқ гуфт
Таъкид шудаст, ки аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе - 2" имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад, ки ин сатҳи таъмини аҳолии кишварро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад.
Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон аллакай сокинон аз дастрас кардани нерӯи барқ бо маҳдудият хабар медиҳанд. Ширкати мазкур таъкид кардааст, ки дар соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як млрд с соат пешгўӣ карда шудааст.