Иштирокдорони финали Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол маълум шуданд

Бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол анҷом ёфта, ду дастаи иштирокдори марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа маълум шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Дар финали Ҷоми Тоҷикистон - 2022 тимҳои "Истиқлол"-и Душанбе ва "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ зӯрозмоӣ мекунанд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки бозии ниҳоии мусобиқа 29 октябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки ин ду даста дар лигаҳои худ пешсафанд. Аз ҷумла лигаи олӣ – дастаи "Истиқлол"-и Душанбе ва дар лигаи якум - "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ пешсаф буда, ҳамакнун дар финал зидди ҳам ба майдон мебароянд.
Тими Тоҷикистон аз мақоми аввали гуруҳ ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 меравад
Дар бозиҳои ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон "Истиқлол" дар сафар бо дастаи "Эсхата"-и шаҳри Хуҷанд бозиро мусовӣ анҷом дод. Ҳисоби ин бозӣ 1:1 шуд, ки ҳар ду голро бонкчиҳо заданд. Олимҷон Каримов ба дарвозаи дастаи худаш, Дилшод Бозоров ба дарвозаи тими ҳариф тӯб ворид намуд.
Бозии мусовӣ бо автогол дар ҳолест, ки дар зӯрозмоии аввал "Истиқлол" бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд.

Тавзеҳ дода шуд, ки дар бозии дигар тими "Куктош" дастаи "Хатлон"-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои тими ғолибро Сорбон Ғиёсов, Муҳаммад Гулаев, голи тими Бохтарро Жан Гатен ба ҳадаф расонданд. Ин дар ҳолест, ки бозии аввали дастаҳо мусовӣ бидуни гол ба анҷом расида буд.