ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Дар доираи мубориза бо терроризму экстремизм Тоҷикистон беш аз 400 шаҳрвандашро аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардондаст.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни муроҷиаташ ба ҷаҳониён дар арафаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо" баён дошт.
Вай гуфт, дар миёни бозгаштаҳо аз ҷумла занону кӯдакон қарор доранд, ки феълан ба ҳаёти осоишта баргаштаанд.
Сироҷиддин Муҳриддин барои баррасии масоили терроризму экстремизми байналмилалӣ шариконро ба конфронси Душанбе даъват намуд.
Конфронси Душанбе таҳти унвони "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо" рӯзҳои 18 ва 19 октябр дар назар аст.
Зикри вазир аз баргардондани тоҷикистониҳо дар ҳолест, ки бори охир чунин як гуруҳ тобистони соли равон аз Сурия оварда шуданд.
ВУХ моҳи июл хабар дода буд, ки ҳавопаймо бо 146 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омад.
Таъкид шуда буд, ки бо супориши бевоситаи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд, ки 42 нафарашон зан 104 нафар кӯдак мебошанд.
Илова гардид, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба ватан саъю талош менамояд.