ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.
Мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо аз 10 то 15 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашр намудани акси муштараки ду ҷониб қайд намуд, ки дар ин тарафҳо оид ба гузариши хаттии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи афкор намуданд.
Манбаъ ҷузъиёти бештар аз машварати панҷ рӯзаи намояндагони тоҷику қирғизро ифшо накардааст.
Танҳо зикр намуд, ки машварати навбатӣ сари ин масъала дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл сарони кишварҳои Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз музокироти сеҷониба ба мувофиқа расиданд, ки мушкилотро танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал кунанд.
Музокироти руасои се кишвар дар шаҳри Остона бо ташаббуси ҷониби Русия сурат гирифт.
“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон дар бораи делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд”, - иттилоъ дода буд дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.