ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ шоми 15 октябр маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVI Делфӣ сурат мегирад.
Тоҷикистон бори аввал аст, ки мизбони Бозиҳои Делфӣ гардидааст, ки дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ иштирок менамоянд.
Ташкилкунандагони Бозиҳои Делфӣ Вазорати фарҳанг ва Кумитаи байналмилалии бозиҳои Делфӣ буда, таҳти сарпарастии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, аз теъдоди умумии иштирокчиёни чорабинӣ намояндагони Тоҷикистон 160 нафар, Русия 117нафар, Қазоқистон 28, Ӯзбекистон 27, Озорбойҷону Арманистон 7 нафарӣ,ва Беларус 32 нафарро ташкил медиҳанд.
Ба ҳайати ҳакамон қариб 35 нафар ходимони шинохтаи санъату ҳунари ИДМ шомил мебошанд.
Ғолибони Бозиҳо бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардида, барои ҳунарнамоии арзанда ҳайати ҳакамон иштирокчиёни алоҳидаро бо дипломҳо қадрдонӣ мекунанд.
Бояд гуфт, тибқи қарори Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ баҳри ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2020 ҳамасола Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида мешавад.
Фаъолияти Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби 65 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидааст.