Тағйирот дар роҳбарияти ИДМ: Путин боз номзадии Лебедевро пешниҳод кард

Мақоми роҳбарӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тағйири ном кард. Қарор дар ин бораро президентҳои созмон дар ҳайати маҳдуд қабул кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазифаи котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тағйири ном карда, дабири кулли ИДМ унвон гирифт.
Дар ин бора раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко зимни нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Остона хабар дода, шӯхиомез аз ҳамтои қазоқаш, Қосим-Ҷомарт Тоқаев суол кард, ки чаро дар бораи дабири кул ном гирифтани мақоми роҳбарӣ дар иттиҳод хабар надод.
Тоқаев дар таъйиди ин қарор гуфт, минбаъд Сергей Лебедев на котиби иҷроия, балки дабири кулли ИДМ мебошад.
Аз гузариш ба пули миллӣ ва ҳамгироии сиёсию иқтисодӣ: Путин ба сарони ИДМ чӣ гуфт?
Маврид ба зикр аст, ки дар ин нишаст раисҷумҳури Русия, Владимир Путин пешниҳод кард, ки Сергей Лебедев дигарбора ба мақоми дабири ИДМ таъйин карда шавад. Қарори бозтаъйини Лебедевро сарони кишварҳои узви ИДМ ҷонибдорӣ намуданд.
Дар нишаст дар ҳайати маҳдуд раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Русия Владимир Путин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон - Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қирғизистон - Содир Ҷабборов, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок доранд.
Маврид ба зикр аст, ки Лебедеви 74-сола, собиқ сардори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия, моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ба мақоми дабири иҷроияи ИДМ таъйин шуда буд.