Аз баҳси марзӣ то амалиёт дар Украина ва басиҷ: Путин ба суолҳо посух дод - видео

Амнияти Осиёи Марказӣ, баҳси марзҳо, амалиёти вижаи низомӣ дар Украина, сафарбарсозии қисмӣ дар Русия аз мавзӯъҳо буданд, ки аз раисҷумҳури ФР пурсида шуданд
Sputnik
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайи нишастҳои Остона нишасти хабарӣ анҷом дод. Сарвари давлат аз натоиҷи нишастҳои сарони давлатҳои ИДМ, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон ба суолҳои мухталифи хабарнигорон ҷавоб дод.
Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, ки масоили марбути Украина ҳам мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои ИДМ қарор дораду Маскав мавқеашро баён дошт.
Зимни шарҳи мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, бо вуҷуди печида будани муносибот нуқтаҳои тафоҳум пайдо карда шуданд. Вай гуфт, ҳарду ҷониб барои пайдо кардани ҳалли масъала санадҳои маҳфуз ва дидгоҳҳои худро ба Маскав пешниҳод хоҳанд кард.
Путин гуфт, ки Раҳмон ва Ҷабборов дар бораи чӣ мувофиқа кардаанд
Вай зикр намуд, дар Маскав баъзан харитаҳои бештару дақиқ дар мавриди сарҳади кишварҳои собиқ шӯравӣ ҷой доранд, ки ин санадҳо бардошта хоҳанд шуду барои ҳалли масъала истифода мегарданд.
Дар зимн Путин таъкид намуд, ки Маскав даъвои миёнаравӣ дар масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон надорад, гарчанде чунин дархост шуда буд.
Аз Путин ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳо дар бахшҳои дигар дар Осиёи Марказӣ, амалиёти вижаи низомӣ дар Украина, музокирот бо Киев, сафарбарсозии қисмӣ дар Русия ва мавзуъҳои дигар пурсида шуданд.