Ҳушдори Лукашенко ба президентҳои ИДМ: зидди ҳамаи мо ҷанг эълон шудааст

Раисҷумҳури Белорус аз омодасозии иқдоми моҷароҷӯёна дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳушдор дода, таъкид намуд, ки ҳама мавриди озмоиш қарор мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки кишварҳои узви ИДМ бояд ба иғвогариҳо дар тамоми ҳудуди созмон омода бошанд.
Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Остона ҳушдор дод, ки "зидди ҳамаи мо ҷанги гибридӣ эълон шудаасту Украина дар ин ҷо баҳонае беш нест".
Вай даъват намуд, ки ҳамтоёнаш ба моҷароҷӯиҳои мухталиф дар қаламравашон тайёр бошанд.
"Ҳодисаҳои ахири Қазоқистон ва Ӯзбекистон мисолҳои қотеъ ва хеле ибратбахшанд. Аммо ин танҳо оғоз аст. Тавонмандиҳои ҳама озмуда хоҳанд шуд", - гуфт Лукашенко.
Ин ҳушдори Лукашенко ба ҳамтоёнаш дар ҳолест, ки ӯ дар кишвараш низоми зиддитеррористӣ эълон кард. Мақомоти Белорус гуфтанд, маълумоте дастрас шуд, аз ҷониби баъзе давлатҳои ҳамсоя иқдоми моҷароҷӯёна тарҳрезӣ шудаанд.
Оё размоиши СПАД дар Қирғизистон баргузор мешаванд? Ҷузъиёти нав
Лукашенко гуфта буд, ки "дар Лаҳистон, Литва, Украина омодасозии ҷангиёни белорустабор барои анҷоми диверсия, ҳамлаҳои террористӣ ва ташкили шӯриши низомӣ оғоз гардидаст".
Бо дастури Лукашенко мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ бояд маҷмӯи чораҳоро оид ба назорати вазъи низомию сиёсӣ ва вокуниш ба таҳдидҳоро роҳандозӣ кунанд.