ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хостори афзоиши талошҳо дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа шуд.
Вай дар ин бора дар нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳор дошт.
"Амнияти байналмилали ва минтақавиро ҳамчунон бо миқёси афзояндаи терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, киберҷиноятҳо таҳдид мекунад. Зарурати афзоиши талошҳои муштарак дар мубориза бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо лозим аст", — гуфт президенти Точикистон.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамоҳангии кишварҳои узви МҲТБО низ метавонад ба истиқрори сулҳ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистони ҳамсоя мусоидат кунад.
Раҳмон зарурати таҳкими иқдомот барои ҳалли вазъ дар ин ҷумҳуриро зикр кард.
"Ин метавонад барои истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар кумаки ҷиддӣ расонад", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба аҳамияти эъломияе, ки 3 сол қабл дар нишасти МҲТБО дар Душанбе пазируфта шуда буд, ёдовар шуда, афзуд, ки дар он мавқеъ ва дидгоҳҳои ин нишаст оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо дар Осиё, аз ҷумла масъалаи Афғонистон инъикос ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Қазоқистон баргузор шуда, дар он кишварҳое ширкат мекунанд, ки ҳудуди 90 дарсади қаламрави Осиёро ишғол мекунанд ва тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон дар онҳо зиндагӣ доранд.
Ҳоло дар ин нишаст 27 давлат, аз ҷумла Русия, Озарбойҷон, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Фаластин, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат доранд.