Боздошти 8 нафар: ФСБ ташкилкунандаи таркиши пули Қримро муайян кард

Дар доираи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи амали террористӣ дар пули Қрим то ҳол 8 нафар боздошт шудаанд, ки шаҳрвандони Русия, Украина ва Арманистон мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ташкилкунандаи амалиёти террористӣ дар пули Қрим Сарраёсати истихбороти Вазорати мудофиаи Украина мебошад.
Дар ин бора Хадамоти федералии амният - ФСБ-и Русия хабар дода, афзудаст, ки ин амал таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати истихбороти Вазорати мудофиаи Украина Кирил Буданов сурат гирифтаст.
Таъкид гардидаст, ки дар доираи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи амали террористӣ дар пули Қрим то ҳол 8 нафар, аз ҷумла 5 шаҳрванди Русия ва 3 шаҳрванди Украинаю Арманистон боздошт гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки таркиши мошини борбар дар пули Қрим субҳи 8 октябр рух дода, қисме аз он тахриб шуд.
Ҳушдори Путин ба Киев: агар ҳамлаҳои террористӣ идома ёбанд, посух сангинтар хоҳад шуд
Ба иттилои "ФСБ" масири ҳаракати мошини боркашро корманди Сарраёсати истихбороти ВМ Украина назорат мекардаст ки барои иштирокдорони тарҳ худро "Иван Иванович" муаррифӣ намудаст.
Тавзеҳ дода шудаст, ки дастандаркорон маводи таркандаро зери бастаҳои плёнкаи полиэтиленӣ дар 22 тахта бо вазни беш аз 22 тон пинҳон карда, аз бандари Одесса ба Русеи Булғористон фиристодаанд. Сипас аз тариқи Гурҷистону Арманистон бо сохтакории санадҳои вориди Русия шудаст, афзуд манбаъ.
Бор бо асноди тағйирдодашуда 7 октябр ба мошини боркаши шаҳрванди Русия, Махир Юсубов, зодаи соли 1971 бор карда шуда, дар роҳ ба Қрим соати 06:03-и 8 октябр таркиш рух додаст.
Дар пайи ин ҳодиса раисҷумҳури Русия, Владимир Путин гуфт, муаллифон, фармоишгарон ва иҷрокунандагони тахриби пули Қрим хадамоти вижаи Украина буда, ин як ҳамлаи террористӣ аст.
Посухи Маскав ба таркиши пули Қрим чӣ гуна бошад? Посухи Медведев
"Ин ҷо ҳеҷ шакке нест. Ин як ҳамлаи террористӣ аст, ки ҳадафаш аз байн бурдани инфрасохтори муҳими шаҳрвандии Русия мебошад", - таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин ба раисҷумҳур аз оғози парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи "терроризм" хабар дод.
Ӯ гуфт, бо кумаки афсарони фаврии Хадамоти федералии амният - ФСБ муайян карда шудаст, ки дар ташкили таркиш хадамоти махсуси Украина ва ҳам шаҳрвандони Русияю кишварҳои хориҷӣ даст доштанд.