ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Қирғизистон дар размоиши муштараки нерӯҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон иштирок нахоҳад кард.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар додааст, аммо тафсилоту далели ин иқдомро ироа накардааст.
Тамриноти муштараки "Сарҳад-2022" дар Тоҷикистон дар самти тайёрӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ барои нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гузаронда мешавад, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД ҳамла кардаанд.
Ба иттилои СААД, марҳилаи фаъоли размоиши мазкур дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон аз 17 то 21 октябр баргузор мешавад. Теъдоди умумии ширкаткунандагони машқҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафар арзёбӣ шуда, беш аз 300 адад техникаи низомӣ ва вижа, ҷалб карда мешавад.
Вазифаҳои асосии Нерӯҳои зудамали муштарак иштирок дар рафъи таҷовузҳои берунаи ҳарбӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ арзёбӣ шудаст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Қирғизистон мизбонии размоиши СААД бо ҳузури нерӯҳои низомии Тоҷикистонро низ рад кард. Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии осебнопазир - 2022" аз 10 то 14 октябр дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуда буданд, аммо лағв гардиданд.
Ҷониби Қирғизистон сабаби лағвашонро ба афкори ҷомеа дар мавриди номақбул будани ҳузури низомиёни тоҷик дар ин размоишҳо рабт дод.