Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ватандӯстӣ ҳам ҳасту хунукназарӣ низ: Медведев басиҷи нисбиро шарҳ дод

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар бораи ватандӯстӣ ва хунукназариҳо зимни амалисозии басиҷи нисбӣ дар кишвар изҳори назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев сафарбаркунии қисмӣ дар кишварро кафолати пирӯзӣ номид.
Ӯ ин нуктаро зимни шарҳи раванди сафарбаркунӣ дар суҳбат бо рӯзноманигор аз Донбасс баён дошт.
Медведев изҳор доштаст, сафарбаркунии қисмӣ дар Русия ҳамон тавре сурат гирифта истодааст, ки метавонад дар кишваре сурат бигирад, ки дар 80 соли охир чунин маърака надоштаст.
"Дар ин раванд ватандӯстии ҳақиқӣ, эҳсосоти инсонӣ ва ҳамчунин хунукназариҳои муқаррарӣ ҷой доранд", - гуфт ноиби раиси Шӯрои амният.
Аммо муҳимтар аз ҳама, ба гуфтаи ӯ, ин аст, ки Русия барои дифоъ муттаҳид шудааст ва ин калиди ғалабаи бебаҳс аст.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин рӯзи 21 сентябр дар паёми худ ба шаҳрвандон гуфта буд, ки артиши кишвар бо тамоми мошини низомии дастаҷамъии Ғарб муқовимат мекунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сеяки ҳайати шахсӣ нобуд шуд: Русия гуфт, чаро Украина ҳамлаҳои ҷавобиро боздошт
Ӯ ин нуктаро зимни зарурати басиҷи нисбӣ баён дошта, илова намуд, ки дар доираи ин маърака пеш аз ҳама онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат кардаанд, таҷриба ва ихтисоси ҳарбӣ доранд, ҷалб карда мешаванд.
Ба иттилои мақомоти Русия, дар маҷмуъ ҷалби ҳудуди 300 ҳазор нафар аз ҳайати захиравӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳудуди 1% аз теъдоди умумии нерӯҳои захиравиро ташкил медиҳад.
Фиристодани сафарбаршудаҳо ба минтақаи амалиёти низомӣ танҳо пас аз тамриноту ҳамоҳангии ҷангӣ ҳамроҳ бо воҳидҳое сурат мегирад, ки аллакай дар ин амалиёт иштирок кардаанд.