ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тими наврасони то 17-солаи Тоҷикистон аз мақоми аввали гуруҳи "Н" ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 меравад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи наврасони тоҷик (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дастаи Афғонистонро шикаст дода, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "Н" мақоми аввалро касб кард.
Манба зикр кард, ки дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ наврасони Тоҷикистон бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Голҳои Беҳрӯз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода ба дарвозаи тими Афғонистон барои дастаи Тоҷикистон 3 имтиёз оварданд.
Беҳтарин бозигари ин зӯрозмоӣ Шаҳбон Наимов аз тими Тоҷикистон дониста шуд.
Таъкид гардид, ки ба ҷуз аз тими наврасони Тоҷикистон мунтахаби Афғонистон низ аз гурӯҳи “H” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран тими Афғонистон бо ҳисоби бузурги 5:0 бар тими Муғулистон пирӯз гардид. Дастаи Тоҷикистон мунтахаби наврасони Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд.
Идомаи сабқат дар ҳолест, ки ахиран дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.