ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Муаллифон, фармоишгарон ва иҷрокунандагони тахриби пули Қрим хадамоти вижаи Украина буда, ин як ҳамлаи террористӣ аст, гуфт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин.
Ӯ ин нуктаро дар мулоқот бо раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин баён дошта, таъкид намуд, ки дар ин маврид шубҳае надорад.
"Ин ҷо ҳеҷ шакке нест. Ин як ҳамлаи террористӣ аст, ки ҳадафаш аз байн бурдани инфрасохтори муҳими шаҳрвандии Русия мебошад", - таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Раиси Кумитаи тафтишотӣ ба раисҷумҳур аз оғози парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи "терроризм" хабар дод.
Ӯ ҳамчунин ба сарвари давлат дар бораи ҳуввияти гумонбарон дар омодасозии таркиш маълумот дод.
"Мо аллакай масири ҳаракати мошини борбареро, ки тарконда шудаст, муайян кардем. Инҳо Булғористон, Гурҷистон, Арманистон, Осетияи Шимолӣ, Краснодар мебошанд. Интиқолдиҳандагон муайян карда шуданд", - изҳор дошт Бастрикин.
Вай афзуд, бо кумаки афсарони фаврии Хадамоти федералии амният - "ФСБ" муайян карда шудаст, ки дар ташкили таркиш хадамоти махсуси Украина ва ҳам шаҳрвандони Русияю кишварҳои хориҷӣ даст доштанд.
"Ҳамаи далелҳои мавҷуда нишон медиҳанд, ки ин амали террористӣ буд, ки ҳадафаш аз байн бурдани як иншооти бузурги инфрасохтори ғайринизомӣ мебошад", - таъкид кард Бастрикин.
Маврид ба зикр аст, ки таркиши мошини борбар дар пули Қрим субҳи 8 октябр рух дода, қисме аз он тахриб шуд. Баъди чанд соати масдудият ҳаракати худраву қаторҳо аз тариқи пул барқарор карда шуд.