Марги ҳазорҳо моҳӣ дар рӯди Зарафшон: оғози парванда алайҳи масъулини "Навоиазот"

Дар рӯдхонаи Зарафшон, ки аз қаламрави Тоҷикистон сарчашма мегирад, дар ҳудуди Ӯзбекистон марги мармузи беш аз 4,2 ҳазор моҳӣ сабт шудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон даст доштани як корхонаи бузурги саноатӣ дар ифлос кардани рӯдаи Зарафшон ва марги ҳазорҳо моҳиро таҳқиқ мекунанд, хабар дод "Podrobno.uz".
Ба иттилои манбаъ, аллакай муайян шудааст, ки ба муҳити зист 2,6 млрд сӯм муодили беш аз 234 ҳазор доллар хисорот ворид шудааст.
Дар пайи қазия додситонии Ӯзбекистон алайҳи масъулони бузургтарин корхонаи саноати кимиёи минтақа "Навоиазот" парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ин ширкат оби ифлоси чоҳи рақами 267-ро ба дарё партофтаст, ки дар натиҷа беш аз 4,2 ҳазор моҳӣ ҳалок шудааст. Аммо ширкат даст доштани худро дар ин ҳодиса аллакай рад кардааст.
Кишварҳои ИДМ низоми ягонаи амнияти экологӣ ташкил мекунанд
"Обҳои партови "Навоиазот" ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Ба инҳо обҳои партови саноатӣ, ки таркиби зараровар доранд ва обҳои борону низомҳои хунуксоз мебошанд, ки тоза ҳисобида мешаванд", - гуфтанд дар ин ширкат.
Масъулин афзудаанд, ки оби партов ба иншоотҳои ҷудогонаи биохимиявӣ фиристода мешавад, ки дар он ҷо аз ҷиҳати экологӣ то сатҳи зарурӣ тоза карда мешавад ва танҳо баъдан ба ҳавзҳои махсус партофта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки баъди ин ҳодиса, ки ҳанӯз 4-уми сентябр дар рӯдхонаи Зарафшон сабт гардидаст, муҳитшиносон санҷиш анҷом дода, муайян кардаанд, ки дар об миқдори зиёди кислотаи азот ошкор шудааст.