ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зарардида дар муноқишаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода, афзуд, Саидзода ба омӯзгорон ва хонандагони зарардида кумак расонид.
Вазир бо вазъи таълиму тарбия ва омодагӣ ба фасли зимистон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва шаҳри Истаравшан дидан кардаст.
Вай зимни боздид дар бархез аз макотиб, камбудиҳо аз қабили ба таълиму тарбия машғул будани омӯзгорони ғайритахассус, нагузоштани ҷадвали дарсӣ, сари вақт пур накардани журналҳои дарсӣ, дар ҳолати корӣ қарор надоштани ҷевонҳоро мушоҳида кардаст.
Раҳим Саидозода дар пайи сабти камбудиҳо ба масъулини маорифи ноҳияҳо барои ислоҳи вазъ супориш додаст.
"Ҳамзамон ба кормандони дастгоҳи вазорат дастур дода шуд, ки масъалаҳои мазкур дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, натиҷаи он дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шавад", - омадаст дар матлаб.
Вазири маориф ҳамчунин хоастааст, Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ки 400 калимаро дар бар мегирад, ба хонандагон ва омӯзгорон дастрас ва аз худ карда шавад.