Ализода дар парлумон мақоми нав гирифт

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ба вакили нави мардумӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар парлумон бо ҷамъи оро вазифаи нав дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Вакили нав дар парлумони Тоҷикистон, Ализода Зафари Аҳмадҷон ба узвияти Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб шуд.
Номзадии Ализодаро дар ҷаласаи ахири парлумон, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода пешниҳод намуда, вакилон бо иттифоқи оро аз он ҷонибдорӣ намуданд.
Ализода Зафари Аҳмадҷон вакили нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ мебошад, ки ахиран бар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ваколаташ тасдиқ шуд. Ӯ тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз ҲИИТ вориди парлумон шуд.
Ализода дар курсии вакилӣ Файзулло Машраб Қурбоналиро иваз кард, ки ахиран ваколатҳояш пеш аз муҳлат қатъ шуданд.
Ду вакили тоҷик аз парлумон пеш аз муҳлат хориҷ карда шуданд: чаро?
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи моҳи августи соил равон Файзулло Машраб Қурбоналиро ба вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия таъйин кард.
Ин дар ҳолест, ки ахиран се вакили дигар низ, ки аксаран аз Ҳизби ҳокими халқӣ - демократӣ буданд, вориди парлумон шуданд.
Аз ҷумла Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ки бо гирифтани беш аз 60%-и оро ғолиби интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи Фирдавсӣ шуд, ба ҳайси вакили парлумон ба фаъолият шуруъ кард.
Инчунин Шерализода Муҳамадулло Умар, собиқ раиси ноҳияи Варзоб низ ба ҳайси вакили нав аз ҳавзаи Рӯдакӣ савганд ёд кард. Вакили сеюм, ки тоза ба парлумон ворид гардид, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад мебошад. Ӯ бо гирифтани наздики 55%-и оро вакил аз ҳавзаи Данғара узви Маҷлиси намояндагон шуд.