ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Паҳлавони дигар тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода низ аз идомаи рақобатҳо дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон мағлуб гардид.
Ӯ ки Зери зери вазни 73 кг баромад мекард, дар даври аввал дар сонияҳои тиллоӣ тавонист, варзишкори фаронсавӣ Аксус Бенҷаминро шикаст бидиҳад ва ба даври дуюм гузарад, хабар медиҳад ТВ "Варзиш".
Дар даври дуюм Хоҷазода бо Виктор Стерпуи 23 сола аз кишвари Молдова сабқат кард, аммо пирӯзи ба даст наовард.
Ҳамзамон дар рӯзи дуюми Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Тошканд ҷудокорон зери вазни то 73 кг Муҳаммадраҳим Сарахонов низ шикаст хӯрд.
Ӯ дар даври аввал аз Нилс Стампи швейтсарӣ мағлуб шуд.
Сарахонов дар раванди рақобат аз ҷониби довар бо 3 шидо барои камфаъолӣ танбеҳ дода шуд ва ҳамин боис шуд, ки ғалаба насиби Нилс Спамп гардад.
Варзишкори дигари кишвар Эмомалии Нуралӣ низ дар рӯзи 7 октябр шикаст хӯрд.
Ӯ ҳарчанд дар даври 3-юми Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон муқобили Ҳифумӣ Абеи ҷопонӣ, ки қаҳрамони 2 каратаи ҷаҳон, 10 карат қаҳрамони "Grand Slam" ва қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ мебошад сабқати арзанда анҷом дод, вале 3 шидо сабаби маҳрумияти ӯ аз идомаи сабқат шуд.
Ҳамакнун шаш намояндаи дигари кишвар, Муҳаммадраҳим Сарахонов (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг) , Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Абубакри Акобир (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) барои медал мубориза хоҳанд бурд.