ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон дар пойтахт 94-ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42-адад ва ё 30,8% кам мебошад.
Дар ин бора раҳбари Раёсати умури дохилии Душанбе Ҳамидзода Бароталӣ Партов зимни гузориш аз натиҷагирии фаъолияташ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар ин муддат дар ҳудуди пойтахт содиршавии ҷиноятҳои гурӯҳӣ бо истифодаи яроқи сард аз ҷониби ин қишр умуман ба қайд гирифта нашудааст.
Баротзода инро натиҷаи хуби баргузории амалиёти шартии "Корд" медонад.
Ҷинояткорӣ миёни ҷавонон низ ба таъкиди ин ниҳод ба андозаи 18,2% коҳиш ёфтааст.
Пулиси пойтахт натиҷаи ин ҳамаро ба пешбурди як қатор чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳои санҷишӣ ва мулоқоту вохуриҳои судманд унвон кардааст.