Русия квотаи иҷозатномаи иқомати муваққатӣ - "РВП" дар соли 2023-ро муқаррар кард

Девони вазирони Русия дар соли 2023 барои шаҳрвандони хориҷӣ 13,5 ҳазор муҷаввиз барои будубоши муваққатӣ дар ин кишварро тасвиб кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Девони вазирони Русия теъдоди квота дар соли 2023 барои додани муҷаввизи будубоши муваққатӣ дар ин кишвар ба хориҷиён ва афроди бешаҳрвандиро муқаррар кардааст.
Бар асоси ин қарори кабинаи вазирон, ки дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқӣ нашр гардидаст, соли оянда барои 13,5 ҳазор нафар додани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ дар назар аст.
"Барои соли 2023 муқаррар карда шавад: квота барои додани 13 ҳазору 535 иҷозаи будубоши муваққатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Русия бо тақсимот аз рӯи субъектҳо", — омадааст дар ҳуҷҷат.
Дар Русия назорати муҳоҷират пурзӯр мешавад
Ҳамчунин зикр мегардад, ки квотаи захиравӣ дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ 4060 иҷозатномаи иқомати муваққатиро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 квота 18 ҳазору 955 иҷозатномаро ташкил медиҳад.
Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ, маъмул ба "РВП" ҳуҷҷатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ имкони кору зиндагӣ дар Русия дар давоми 3 солро фароҳам мекунад.
Шаҳрванди хориҷӣ агар на камтар аз як сол дар асоси иҷозатномаи иқомати муваққатӣ дар Русия зиндагӣ кунад, метавонад довталаби иҷозатномаи иқомат ва баъдан шаҳрвандии кишвар шавад.