Аз Қазоқистон то Тоҷикистон: Ӯзбекистон қатори хоси сайёҳиро ба роҳ баровард

Корхонаи роҳи оҳани Ӯзбекистон қатори махсусеро фаъол кардааст, ки гардишгарони хориҷиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сайр медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт – Sputnik. Қатори сайёҳӣ таҳти унвони "Orient Silk Road Express" дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сайр хоҳад кард, хабар додаст Корхонаи роҳи оҳани Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, ин қатор, ки ба тарзи миллӣ оро дода шудааст, аз Қазоқистон то Тоҷикистон гардиш хоҳад кард.
Ҳаракати қатор 7-уми октябр оғоз шуда, то 18 октябр дар назар аст.
Хатсайри қатори мазкур аз Алмато - Тошканд - Қамашӣ - Китоб - Самарқанд - Хива - Бухоро - Хуҷанд - Тошканд убур хоҳад кард.
Ифтитоҳи масири роҳи оҳани Чин-Афғонистон дар бандари Ҳайратон
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон мехоҳанд, хатсайрҳои сайёҳии ҷадид ба воситаи қаторро ташкил кунанд, ки аз шаҳрҳои Андиҷон, Конибодом, Хуҷанд, Душанбе, Самарқанд, Бухоро, Қаршӣ убур кунанд.
Убайдулло Обидов, сардори КВД “Роҳи оҳан” дар Суғд гуфта буд, тарҳи ташкили хатсайри нави мусофирбарию сайёҳӣ ба шаҳрҳои Ӯзбекистон ҳанӯз 2 сол қабл рӯи даст гирифта шуда буд.
"Аммо хуруҷи пандемияи коронавирус монеи иҷроӣ кардани тасмим гардид. Хушбахтона, ҳоло вазъият беҳтар шудааст, мо ба унвони ҳукумати кишвар муроҷиат намудем ва умедворем, ин хатсайр роҳандозӣ хоҳад шуд”, - гуфта буд Обидов.
Масъулин мегӯянд, барои роҳандозии ин тарҳ ҳолати техникии ҳамаи қаторҳои мусофирбарӣ омода карда шудааст.