ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар чорчӯби нуҳумин конфронси вазирони муҳити зист, ки дар рӯзҳои 5 то 7 октябр дар Никосия (Кипр) дар ҳоли баргузорӣ аст, хостори эҷоди Сандуқи байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ шуд.
Вай гуфт, масоили марбут ба об шудани пиряхҳои табиӣ дар мавзуи тағйироти иқлимӣ ба далели гарм шудани замин аз аҳамияти ҳаётӣ бархӯрдор аст.
Оқои Шерализода афзуд, бо вуҷуди интишори ҳаддиақали газҳои гулхонаӣ, Тоҷикистон яке аз осебпазиртарин кишварҳо дар баробари асароти тағйироти обуҳавоӣ аст ва ба ҳамин хотир қасд дорад бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва пуштибонии фаннии шуракои тавсеа, рӯйи барӯзрасонии Китоби Сурхи ҷумҳурӣ кор кунад.
Китоби Сурхи Тоҷикистон як санади расмии давлатӣ аст, ки иттилооте дар мавриди гунаҳои нодири гиёҳӣ ва ҷонварии Тоҷикистон, ки ниёз ба ҳифозат доранд, дар он гирдоварӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ин конфронс тавваҷуҳи вижае ба натоиҷи сеюмин баррасии амалкарди зистмуҳитии Тоҷикистон шуд.