Ҷазои 2 довар ва радди даъвои тими "Истиқлол" алайҳи Давлатов

Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон шикоятҳоро баррасӣ карда, 2 нафарро ҷазо дод, аммо даъвати тими "Истиқлол"-ро беасос хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Доварон Насрулло Кабиров ва Исмоил Нуралиев аз ҳаққи доварӣ дар 2 даври Лигаи футболи Тоҷикистон маҳрум карда шуданд.
Қарор дар ин бораро Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон қабул кардаст.
Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласаи кумита, кори даврон дар бозии даври шонздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон - 2022 миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Файзканд" таҳлил гардид.
"Муайян шуд, ки довари марказӣ Насрулло Кабиров ва ёвари ӯ Исмоил Нуралиев ба чанд иштибоҳ роҳ додаанд, ки ба натиҷаи вохӯрии "Хуҷанд" ва "Файзканд" (3:0) таъсир расонид", - омадааст дар иттилоия.
Дар баробари ин дар ҷаласаи кумитаи доварони ФФТ шикояти бошгоҳи футболи "Истиқлол" дар мавриди доварии Абдулло Давлатов баррасӣ гардидаст.
Тими Душанбе иддао кардаст, ки дар бозии даври шонздаҳум бо тими "Истаравшан", ки бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт, довари марказӣ ду бор зарбаи ҷаримавии 11-метриро таъйин накардааст.
Кумитаи доварони ФФТ пас аз баррасии маводи видеоии ин вохӯрӣ тасмим гирифт, ки иддаои тими "Истиқлол" беасос аст.
Азсаргирии бозиҳои чемпионати Тоҷикистон дар бахши футбол баъди танаффус
Хулоса шудааст, ки довари марказӣ Абдулло Давлатов дар дақиқаҳои 11 ва 68-уми вохӯрӣ қарори дуруст бароварда, ба дарвозаи "Истаравшан" зарбаи ҷаримавии 11-метрӣ таъйин накардааст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ идома дорад.