Даъвати Орбан барои тағйир додани сиёсати ғалати таҳримгузорӣ

Нахуствазири Маҷористон ахиран гуфтааст, ки кишварҳои Аврупо бино бар сиёсати таҳримиашон бар зидди Русия захмдор шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо даъват, кард ки сиёсати ғалатро бознигарӣ кунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, Аврупо аз таҳримҳо бар зидди Русия "охиста-оҳиста хун мерезонад".
"Таҳримҳо интизориҳоро бароварда накарданд. Шоҳиди хунрезии оҳиста-оҳистаи Аврупо ҳастем, дар ҳоле, ки Русия дар ин миён пули хубе ба даст меорад. Маълум аст, ки сиёсати таҳримии ғалати Брюссел бояд тағир дода шавад", - навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Дар як паёми видеоие, ки дар ҷараёни нишасти ғайрирасмии Иттиҳодияи Аврупо мунташир шуд, Орбан қайд кард, ки дар мулоқот саволҳои душвор баррасӣ мешаванд: оё кишварҳои Аврупо дар моҳҳои оянда газ ва нерӯи барқ ​​доранд.
Русия равобиташро бо НАТО қатъ кард: оғози буҳрон
"Маҷористон қаблан аз эмбаргои нафт ва таҳримҳо худро озод карда буд ва дар рӯзҳои охир мо низ тавонистем кафолат диҳем, ки таҳримҳои нав на ба энержии ҳастаии Маҷористон ва на интиқоли газ ба Маҷористон рабт нахоҳанд дошт, аммо таҳримҳо қимати энержиро якбора боло бурданд. Албатта ба Маҷористон таъсир мерасонад, пардохти қимати нерӯи энержи тақриба ғайриимкон аст", - гуфт сарвазир.
Нахустин нишасти раҳбарони Иттиҳодияи сиёсии Аврупо рӯзи панҷшанбе дар Прага бо ширкати сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо баргузор мешавад. Ба ин ҳамоиш раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои Балкани Ғарбӣ, Норвегия, Швейтсария, Исландия, Лихтенштейн, Британияи Кабир, Украина, Молдова, Гурҷистон, Туркия, Арманистон ва Озарбойҷон даъват шудаанд.
Мавзуъҳои аслии ин нишаст авзоъ дар Украина, буҳрони энержӣ ва иқтисод хоҳад буд.