ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дар шарқи Украина асосан русҳо зиндагӣ мекунанд, ки мехоҳанд бо Русия бошанд. Дар ин бора тоҷири амрикоӣ Илон Маск дар шабакаи иҷтимоии Twitter навишт.
Соҳибкор ба сенатор Линдси Грэм, ки нақшаи ҳалли мусолиматомези низоъро интиқод кард, чунин изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи Маск, дар ҳама гуна минтақаи зиддиятҳо, шумо бояд иродаи мардуми дар он бударо дастгирӣ кунед.
"Аксари Украина бешубҳа мехоҳад ҷузъи Украина бошад, аммо дар бархе аз манотиқи шарқӣ аксарияти аҳолӣ русҳо ҳастанд ва онҳо Русияро афзал медонанд", - афзуд соҳибкор.
Қаблан ин соҳибкор нақшаи дастёбӣ ба сулҳ дар Украинаро шарҳ дода буд. Вай гуфт, ки муноқиша замоне хотима хоҳад ёфт, ки раъйпурсии такрорӣ дар минтақаҳои нави Русия таҳти назорати СММ баргузор шавад.
Дар айни замон, Украина метавонад ба як кишвари бетараф табдил ёбад, қайд кард Маск.
Вай ҳамчунин афзуд, ки агар Федератсияи Русия азар сафарбарсозиро роҳандозӣ кунад, "ба пирӯзии Украина бовар надошта бошед".
Маск дар саҳифаи Twitter-и худ раъйпурсӣ баргузор кард, ки дар ҷараёни он пурсид, ки оё хоҳиши сокинони Қрим ва Донбасс барои бахше аз Русия ё Украина будан бояд ба назар гирифта шавад.
Дар назарсанҷӣ беш аз 2 миллион корбар ширкат карданд ва посухи аксари онҳо мусбат буд.