Ҳушдори СММ дар бораи фурупошии иқтисоди Афғонистон

Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки аз замони ба сари қудрат омадани гурӯҳи толибон иқтисоди Афғонистон бо фурупошӣ мувоҷеҳ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише, ки ахиран мунташир шуд бо ибрози нигаронӣ эълом кард, аз замон ба сари қудрат омадани толибон иқтисоди Афғонистони мутаҳаммил “фурупошии фоҷеъаборе” шуда ва дар камтар аз як сол он чӣ ки сохт он 10 соли замони барда буд, аз байн рафтааст.
Конӣ Вигнороҷо, мудири барномаи тавсеаи СММ дар Осиё ва Уқёнуси ором дар конфаронс хабарӣ гуфт, ки пеш аз онкии толибон дар соли 2021 қудратро ба даст бигирад, иқтисоди Афғонистон аз пеш бо тавлиди нохолиси дохилии ҳудуди 20 миллиард доллар бисёр кучак буд, аммо зарфи як сол тақрибан панҷ миллиард доллар аз даст дод.
“Ин мавзуъ нишон медиҳад сарвату дороӣ, ки зарфи 10 соли анбошта шуда буд, фақат зарфи 10 моҳ аз даст рафт ва мо дар ҳеҷ ҷои дигари ҷаҳон чунин фурупошии фоҷеъабореро надидаем”, - афзуд вай.
Ба эътиқоди Абдуллоҳи Алдардорӣ, намояндаи СММ дар Афғонистон, кумакҳои башардӯстона барои муқобила бо ин авзоъ кофӣ нест.
Ба иттилои манбаъ дар зарфи 14 моҳ шумори касоне, ки ниёзманд ба кумак ҳастанд аз 19 миллион нафар ба 22 миллион нафар расидааст.
Ҳинд: Афғонистон барои бадастовардани эътимоди аз даст рафтаи худ ба замон ниёз дорад
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гурӯҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.
Ба гуфтаи коршиносон баъд аз омадани толибон ба сари қудрат вазъи иқтисодии Афғонистон бад шудааст.