Садамаи мудҳиш дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафар бар асари як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов ронанда ва мусофираш ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Камол Қаюмови 37-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Орзуқул Зулфонови 40-сола, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ва мусофираш Баҳриддин Ҷумъаеви 33 сола, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - иттилоъ додааст ВКД Тоҷикистон.
Падар писари хурдсолашро пахш кард: ҳалокати кӯдаки сесола дар як садама
Инчунин ВКД афзудааст, ки ронандаи автомашинаи дигари тамғаи “Опел-Астра”, ва мусофири дохили автомашина Баҳодир Қузиеви 38-сола, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар ҳоли ҳозир, ҳодисаи мазкур аз сӯйи кормандони милится таҳқиқ мешавад.