ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раиси ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дурнамои ҳамкориҳо гуфт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон,Ҷинпин Раҳмонро ба муносибати 70-солагиаш шодбош гуфта, таманниёти беҳтарини худро арз намудаст.
Ба гуфтаи роҳбари Чин, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо дарназардошти шароити миллии худ роҳи рушдро пеш гирифт . Ӯ таъкид намудаст, ки Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди давлатдорӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид.
Ба сифати ҳамсояи дӯст ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ Чин аз ин сидқан хушҳол аст, афзудаст ӯ. Ҷинпин изҳори итминон кардаст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҳамеша суръати хуби рушди худро нигоҳ медоранд.
Вай зикр намудаст, ки аз ибтидои ҳамин сол, ба мақсади баровардани робитаҳои Чину Тоҷикистон ба марҳилаи нав дар иртибот ба муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор анҷом дода мешаванд.
"Ман ба рушди робитаҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти бузург зоҳир намуда, муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии наздики шахсиамонро қадр мекунам", - изҳор дошт Ҷинпин.
Вай изҳори омодагӣ кардааст, ки барои мусоидат ба пешбурди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Чину Тоҷикистон ба нафъи ду кишвар ва мардумони онҳо саъю кушиши муштарак ба харҷ диҳад.