ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Роҳбарони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбат, ки дар 70-умин солгарди зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, Путин аз ду далели фараҳбахш зикр кардаст.
Манбаъ афзуд, ки дар оғози суҳбат Владимир Путин бо таманниёти беҳтарин раисҷумҳури Тоҷикистонро бо зодрӯз ва сарфароз гардониданаш бо ордени Федератсияи Русия “Барои хизматҳои шоён дар назди Ватан” дараҷаи III шодбош гуфтааст.
Путин тавзеҳ додааст, ки орден барои нақши назарраси Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин таъмини субот ва амнияти минтақавӣ дода шудаст.
Раҳмон ба Путин изҳори сипос карда, таъкид кардаст, ки ин мукофоти боэътиборро ба мардуми кишвари мансуб медонад.
"Сарони давлатҳо доираи масъалаҳои робитаҳои байнидавлатии ду кишвар, ҳамчунин дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2017 низ раисҷумҳури Русия кишвардори Тоҷикистонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонида буд.