Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Имзои қонуни қабули қаламравҳои нав ба Русия ва таъйини роҳбарони муваққат

Раисҷумҳури Русия бо имзои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи қабули қаламравҳои нав ҳамчунин иҷрокунандаҳои вазифаҳои роҳбари онҳоро таъйин намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Русия қонунҳои конститутсионии федералӣ дар бораи қабули қаламравҳои нав ба Русия ва таъсиси субъектҳои ҷадиди федератсияро имзо кард.
Бар асоси ин аснод, ки дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқӣ нашр гардидаанд, ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ва вилоёти Херсону Запороже расман ба Русия пайвастанд.
Дар баробари ин бо қарори раисҷумҳури Русия Леонид Пасечник иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Луганск, Денис Пушилин – вилояти Донетск, Евгений Балитский – иҷрокунандаи вазифаи волии Запороже, Владимир Салдо иҷрокунандаи вазифаи волии Херсон таъйин шуданд.
Ҳамаи онҳо то оғози савгандёдкунии раиси интихобшуда муваққатан дар минтақаҳо роҳбарӣ мекунанд.
Муфтии Луганск: Донбасс бино бар таҷовузи Украина дигар ба ҳайати ин кишвар барнамегардад
Бар асоси асноди тасвибшуда, субъектҳои нав номашонро зимни пайвастшавӣ ба Русия ҳифз карда, созишномаҳо аз рӯзи имзояш мавриди амал қарор мегирад. Дар ҳамаи 4 субъекти нав то 1 январи соли 2026 марҳилаи гузариш ҷараён хоҳад дошт.
Воҳиди пулӣ рубл муқаррар шуда, то охири соли равон гардиши гривнаи украинӣ низ иҷозат дода мешавад.
Забони русӣ дар ин қаламравҳо давлатӣ эълон шуда, таъкид гардидаст, ки барои омӯзиши забонҳои дигари модарӣ тамоми шароит фароҳам мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки президенти Русия, Владимир Путин зимни имзои ин созишномаҳо дар Кремл гуфт, барои ин иқдом миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.
Раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, сокинон ба ҷонибдорӣ аз пайвастшавӣ ба Русия овоз доданд.