ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва ҳамтои эрониаш Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ зери тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ имзо гузоштанд, иттилоъ додааст хабаргузории Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ баъд имзои созишнома вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гуфт, моҳи оянда руйдоди ҳафтаи фарҳангии Эронро дар Тоҷикистон бо матлубтарин ва мутанавеътарин кайфият баргузор хоҳем кард.
“Эрон ва Тоҷикистон монанди як руҳ дар ду ҷисм ҳастанд ман ончунон қаробати дар ҳамин дидор бо масъулини фарҳангии Тоҷикистон эҳсос кардам, ки воқеъан ҳеҷгуна ҳиси аз ғариби дар он набуд ва интавр бо ҳамватанонамон суҳбат мекунем”, - гуфт вазири эронӣ.
Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки ҳеҷ монеъи барои густариши фаъолиятҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар вуҷуд надорад, Эрон ва Тоҷикистон таърих, фарҳанг ва маданияти муштарак доранд.
Вазири фарҳанги Эрон ҳамчунин Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари бузурги ҳамроҳ бо таърих, фарҳанг ва маданяти муштарак ҳастанд, эрониён ва тоҷикон ҳамдигарро мисли як миллати воҳид ба шумор меоваранд чаро, ки дорои таърихи муштарак ҳастанд ва нисбат ба ҳам отифа доранд муҳимтар аз ҳама ин мавориди иштироки забони аст, забони форсӣ ва ба хусус адабиёти муштарак ду миллатро ба ҳам пайванд зада аст.
Дар навбати худ, Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, фарҳанг ва маданяти баландовозаи Эрон дар ҷаҳон машҳур аст аз руасоиҷумҳури ду кившари Эрон ва Тоҷикистон ташакур мекунам, ки тавонистанд бо равобити ду кишварро ба сатҳи оли бирасонанд.
“Қарордодҳои ҳамкории фарҳангиро дар назар дорем, ки дар марҳалаи иҷроӣ қарор гирифтанд, ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон низ дар Эрон дар ҳоли баргузори аст ва ҳунармандони тоҷикистонӣ дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез ҳузур доранд”, - гуфт Зулфия Давлатзода.
Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки равобити Тоҷикистон ва Эрон беш аз пеш беҳтар мешавад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон ҷониби Эронро ба Тоҷикистон даъват кард.
Пас аз суханронии вазири фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон ду мақоми олирутбаи фарҳангӣ дар бахши баъдии ин руйдод туҳфаҳои ҳунарии хофири кишварҳои худро ба якдигар тақдим карданд.
Зулфия Давлатзода, вазири фарҳаги Тоҷикистон дар рӯзҳои оянда низ бо ҳайати ҳамроҳ ва гуруҳҳои ҳунарии дар Теҳрон ва чанд шаҳри дигар ҳузур хоҳанд ёфт.