Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Шойгу аз сафарбарии 200 ҳазор нафар ба артиш гуфт: Шарҳи шеваи фиристоданашон ба амалиёт

Низомиёне, ки дар доираи басиҷи нисбӣ ба сафи артиши Русия ҷалб гардидаанд, танҳо ба минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ фиристода нахоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Беш аз 200 ҳазор нафар дар доираи сафарбаркунии қисмӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ҷалб шуданд.
Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу зимни ҷаласаи селекторӣ иттилоъ дод.

"Тибқи фармони раисиҷумҳури Русия, аз 21 сентябр дар кишвар сафарбаркунии қисмӣ амалӣ шуда истодааст. Имрӯз беш аз 200 ҳазор нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ворид шудаанд", — гуфт Шойгу.

Ба гуфтаи ӯ, ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки сафарбаршудагонро бо сару либос ва дигар лавозимот таъмин ва ба вазифаҳои низомӣ таъйин намоянд.
"Таълими ҳайати шахсии воҳидҳои ҷалбшуда дар 80 тамрингоҳ ва дар 6 маркази таълимӣ сурат мегирад", - афзуд Шойгу.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров гуфт, раванди амалиёт дар Украина чӣ гуна тағйир хоҳад ёфт
Вай таъкид намуд, хизматчиёни сафарбаршуда танҳо ба минтақаҳои амалиёти махсуси низомӣ фиристода нахоҳанд шуд. Вазири мудофиа тавзеҳ дод, ки ин раванд дар ҳамоҳангӣ ва якҷоя бо воҳидҳои аллакай дар он ҷо иштирокдошта сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия аз 21 сентябри соли равон бо фармони раисҷумҳур, Владимир Путин басиҷи нисбӣ ҷараён дорад. Ба гуфтаи Шойгу дар доираи ин маърака ҷалби 300 ҳазор нафар дар назар аст, ки ҳудуди 1%-и зарфияти нерӯҳои захиравии Русияро ташкил медиҳад.