ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ассотсиатсияи футболи Индонезия ду намояндаи бошгоҳи "Арема"-ро дар робита ба фоҷеа дар варзишгоҳи Маланг, ки беш аз 170 кушта дар пай дошт, барои якумрӣ аз футбол маҳрум кард.
Дар ин бора РИА "Новости" хабар дода, зикр намуд, ки фоҷиа пас аз бозии тими "Арема" ва "Персебайя" рух дод, ки бо ҳисоби 2:3 анҷомид.
Раиси кумитаи интизомии Ассотсиатсияи футболи Индонезия, Эрвин Тобинг гуфтаст, дар пайи баррасии қазия роҳбари кумитаи тадорукоти "Арема" Абдул Ҳарис ва як масъули хадамоти амнияти он барои як умр аз ҳаққи шуғл дар риштаи футбол маҳрум гардиданд.
Раисиҷумҳури Индонезия Ҷоко Видодо хостори таҳқиқи ҳамаҷонибаи ошӯбҳо дар бозии футболи лигаи аввали ин кишвар дар шаҳри Маланг шуда, гуфт, мо бояд итминон дошта бошем, ки иштибоҳҳое, ки боиси фоҷиа шуданд, такрор нахоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки издиҳому бетартибӣ дар варзишгоҳ шоми 1 октябр пас аз бозии лигаи якуми Индонезия байни дастаҳои "Арема" (Маланг) ва "Персебая" (Сурабая) ба амал омад. Дар ин сабқат тими "Арема" бори аввал дар 22 сол боз дар майдони худ мағлуб шуд.
Дар анҷоми бозӣ мухлисон вориди майдон шуда, даст ба бетартибиҳо задаанд. Барои ором кардани вазъ пулис аз гази ашковар истифода кардааст, ки дар натиҷа дар яке аз баромадгоҳҳо издиҳом ба вуҷуд омада, боиси маргу ҷароҳати одамон гардидаст.