Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Истиқболи Кремл аз талоши Маск барои созиш миёни Киеву Маскав

Намояндаи Кремл талош барои даст ёфтан ба созишро падидаи нек арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Русия аз аввал ҷонибдори ҳалли масоил бо музокирот буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Мусбат аст, ки шахсе ба мисли соҳибкори амрикоӣ ва муассиси "Tesla" ва "SpaceX" Илон Маск роҳҳои ҳалли осоиштаи вазъ дар атрофи Украинаро меҷӯяд.
Ин нуктаро сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков баён дошта, афзуд, бар хилофи бисёре аз дипломатҳои касбӣ, Маск кӯшиш мекунад, ки роҳҳои расидан ба сулҳро ҷустуҷӯ кунад.
"Воқеан, хеле мусбат аст, ки марде мисли Илон Маск роҳи осоиштаи раҳоӣ аз вазъро меҷӯяд", - изҳор дошт Песков.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу аз сафарбарии 200 ҳазор нафар ба артиш гуфт: Шарҳи шеваи фиристоданашон ба амалиёт
Ба гуфтаи намояндаи Кремл дар пешниҳодҳои Маск бандҳои ҷолиб ҳастанд, ба истиснои раъйдиҳии такрорӣ дар Донбассу вилоёти Херсону Запороже, ки аллакай мардум раъйи худро доданд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Маск навишт, ки ба имкони пирӯзии Украина дар сурати ҷанги густарда бо Русия шубҳа дорад ва ҷонибҳоро ба сулҳ даъват кардааст.
Вай инчунин дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина пешниҳод кард. Дар баробари раъйдиҳии такрорӣ дар Донбасс таҳти назорати СММ Маск нигоҳ доштани Қримро ҳамчун "як қисми расмии Русия, чуноне аз соли 1783 то хатои Хрушёв буд, пешниҳод кард.
Кафолати обтаъминкунии Қрим ва мақоми бетарафии Украина аз бандҳои дигари дидгоҳи ӯ буданд. Вай изҳори итминон кард, ки ҷанги густурда бо Русия бар зарари Украина ва тамоми ҷаҳон мебошад.