Толибон: таҳримҳо фосилаи мо ва ҷомеаи ҷаҳониро зиёдтар мекунад

Муовини сухангӯии ҳукумати толибон мегӯяд, идомаи таҳримҳои ҷаҳонӣ ба ҳукумати ҷадид фосила миёни ҳукумати толибону ҷомеъаи ҷаҳониро бештар хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран ҳукумати толибон бори дигар аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостааст барои рафъи таҳримҳо алайҳи ҳукумати толибон гом бурдоранд.
Билол Каримӣ муовини сухангӯии толибони мегӯяд, бо идомаи ин таҳримҳо фосила миёни ҷомеъаи ҷаҳони ва Афғонистон беш аз пеш густариш меёбад.
Беш аз як моҳ мешавад ки муъофияти сафари сездаҳ мақоми аршади толибон ба поёни расида вале ин мақомҳо ҳамчунон наметавонанд ба берун аз Афғонистон сафар кунанд.
Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамвора мавзуи бартараф кардани таҳримҳо бар ҳукумати толибонро бар эҷоди ҳукумати фарогир, таъмини ҳуқуқи башар ба вижа ҳуқуқи занону духтарон, рафъи таҳдидҳои террористӣ аз хоки Афғонистони машрут сохта аст ва таъкид карда, ки то замони таҳаққуқ наёфтани ин шароит давлати ҷадиди Афғонистонро ба расмият нахоҳанд шинохт.
Пешниҳоди Ҳикматиёр барои ташкили давлати интиқолӣ дар Афғонистон
Ҳукумати толибон аммо борҳо таъкид карда, ки тамомӣ шароити як давлати машрӯъро фароҳам кардааст.
Ҳарчанд шӯрои амнияти созмони милали дубор дар мавриди тамдид ва ё радди муъофияти сафари мақомҳои толибон нишаст баргузор кард, аммо ба далели ихтилофи назарҳо миёни аъзои ин шӯро ҳар ду нишаст бе натиҷа поён ёфт.
Адами таҳаққуқи матлуби ваъдаҳои ҳукумати толибон мабни бар таъмини амният дар Афғонистон, ташкили давлати фарогир ва низ идомаи маҳрумияти духтарони аз рафтан ба мадриса, аз ҷумла масоиле аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар он ба унвони монеъи аслӣ дар масир ба расмияти шинохта шудани толибон таъкид дорад.