Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Думаи давлатӣ пайвастшавии 4 субъекти нав ба Русияро пазируфт

Дар қаламрави субъектҳои нав, ки номашонро ҳифз мекунанд, то соли 2026 марҳилаи гузариш буда, забони давлатӣ русӣ ва воҳиди пулӣ рубл пазируфта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Думаи давлатӣ бо як овоз қавонини конститутсионӣ дар бораи вуруди ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск ва вилоятҳои Херсону Запороже ба ҳайати Русияро қабул кард.
Қонунҳои мазкурро ба парлумон раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин пешниҳод кард.
Бар асоси қонунҳои қабулшуда, ки додгоҳи конститутсионии Русия таъйид кард, дар ҳамаи 4 субъекти нав то 1 январи соли 2026 марҳилаи гузариш хоҳад буд. Воҳиди пулӣ рубл муқаррар шуда, то охири соли равон гардиши гривнаи украинӣ низ иҷозат дода мешавад.
Бар асоси қарори додгоҳи конститутсионӣ субъектҳои нав номашонро зимни пайвастшавӣ ба Русия ҳифз карда, созишнома аз рӯзи имзояш мавриди амал қарор мегирад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров гуфт, раванди амалиёт дар Украина чӣ гуна тағйир хоҳад ёфт
Забони русӣ дар ин қаламравҳо давлатӣ эълон шуда, таъкид гардидаст, ки барои омӯзиши забонҳои дигари модарӣ тамоми шароит фароҳам мешавад.
Интизор меравад, дар пайи тасвиби созишномаҳо аз сӯи Думаи давлатӣ Шӯрои федератсия онро баррасӣ ва қабул хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки 30 сентябр санади пайвастшавии 4 субъекти нав - ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва вилоёти Херсону Запороже ба ҳайати ФР имзо шуд. Президенти Русия, Владимир Путин гуфт, барои ин иқдом миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.
Раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, сокинон ба ҷонибдорӣ аз пайвастшавӣ ба Русия овоз доданд.