Баҳси таъмини бекорони ВМКБ бо шуғл: Раиси вилоят ҷои корро нишон дод

Вакилони халқии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таҳти раёсати Алишер Мирзонабот роҳҳои таъмини аҳолии минтақа бо ҷои корро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. "Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2023-2025" аз мавзуи меҳварии маҷлиси вакилони халқи вилоят буд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ хабар дода, афзуд, ки вакилон аз ҷумла гузориши муовини сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Марзия Некпаеваро шуниданд.
Ба иттилои Некпаева, барномаи мазкур тадбирҳоро оид ба таъсиси ҷойҳои кории нав, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргаштаро фаро мегирад.
Раҳмон: Ба беш аз 32 ҳазор шаҳрванд ба муддати 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт шуд
Ҳамчунин мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ аз бахшҳои дигари барномаи мазкур арзёбӣ гардиданд.
Вай афзудааст, ки ҳоло дар қайди шуъба ва бахшҳои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ 5539 нафар шаҳрвандони бекор расман ба қайд гирифта шудаанд.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот вобаста ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ дастур дода, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекорро муҳим хонд.
Вай афзуд, вобаста ба таъмини ҷойҳои корӣ дар неругоҳҳои барқи обии "Роғун", "Себзор" ва сохтмони роҳи Дарвоз – Ванҷ ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супоришҳои мушаххас додаст.