Беҳтарин корманди оперативӣ дар Хатлон маълум шуд

Бахшида ба рӯзи кормандони оперативӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, озмуни беҳтарин корманди ин бахш гузаронда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ваколатдори оперативии идораи милисаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, лейтенанти калон Абдуллоев Хуршед беҳтарин корманди оперативии Хатлон эълон гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар додаст. Ба иттилои манбаъ, дар ҷойи дуюм намояндаи раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон қарор гирифтаст.
Барандаи ҷойи сеюм ваколатдори оперативии идораи милиса дар ноҳияи Вахш лейтенанти калон Чилаев Ҷаҳонгир эълон шуд.
Генералҳои нав дар ВКД Тоҷикистон кистанд?
Тавзеҳ дода шудаст, ки озмунро комиссияи махсус баҳогузорӣ карда, он дар се давр баргузор шуд. Ҳашт нафар иштирокчиёне, ки дар даври дуюм роҳхат гирифтаанд ба саволҳо ҷавоб доданд ва аз тарафи ҳакамон аз 1 то 5 холгузорӣ карда шуданд.
Дар даври дуюм пешниҳоди саволҳо ба иштирокчиёни озмун тариқи гирифтани як билет, ки 3 савол дошт ва додани 3 саволи иловагӣ аз тарафи ҳакамон сурат гирифтаст.
"Аз ҳашт нафар иштирокчиёни даври дуюм 3 нафар иштирокчӣ, ки холҳои нисбатан баландро сазовор гардиданд ба даври сеюм роҳхат гирифтанд", - омадааст дар иттилоия.
Дар пайи баррасии ҷавобҳои иштирокдорон барандаҳои ҷойҳои 1, 2 ва 3 эълон шуданд.
ВУД таъкид намудаст, яке аз бахшҳои калидӣ, ки бевосита фаъолияти он ба ошкор ва дастгиркунии ҷинояткорон равона гардидааст, ин воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Инчунин зикр шудаст, ки соли 2022 "Соли баланд бардоштани малакаи касбии кормандони оперативӣ" эълон шудаст.