Патрушев: Толибон то кунун аз пирӯзӣ бар Амрико хушҳолӣ доранд

Раиси шӯрои амнияти Русия гуфт, мақомоти кунунии Афғонистон ҳанӯз аз пирӯзӣ бар Амрикоро хушҳоли доранду хатари сиёсати паштунсозиро, намебинад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Николай Патрушев, раиси шӯрои амнияти Русия дар нишасти солонаи Шӯрои амнияти хадамоти хоси кишварҳои ИДМ таъкид кард, ки мақомоти кунунии Афғонистон ҳанӯз ҳам аз пирӯзӣ бар Амрикоро хушҳолӣ доранд ва хатари сиёсати ҷорӣ кардани паштунсозиро, ки ҳуқуқи ақалиятҳои миллиро нақз мекунад ба роҳ мондаанд.
Раиси шӯрои амният Русия гуфт, ки раванди толибони тундгаро дар умӯри дохилии таъсири манфӣ бар вазъият Афғонистон дорад.
Оқои Патрушев афзуд, ки хатари сиёсати имрӯзаи паштунсозиро, ки ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро нақз мекунад даст кам бигиред.
Ҳушдори Патрушев аз эҳтимоли интиқоли силоҳ аз Украина ба ИДМ
Ба гуфта вай, бо вуҷӯди гузашт беш аз як сол баъ аз ба сари қудрат расидани толибон дар Афғонистон, "чашмандоз одисозӣ авзоъи қобил мушоҳида нест”.
Николай Потрушев таъкид кард, ки аксари аз бозигарони дохилӣ ва хориҷӣ даргири фрояндҳои буҳрон ҳастанд ва ағлаби аҳдофи мутазодиро дунбол мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш намояндаи доимии Покистон дар СММ аз толибон хост аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсоя ҷилавгирӣ кунанд