Маскав: ИМА қасди дастрасӣ ба захоири оби Осиёи Миёнаро дорад

Дабири Шӯрои Амнияти Русия аз паёмадҳои иқдоми ИМА ҳушдор дод, ки пайваста талош дорад ба манобеи об дар минтақа дастрасӣ пайдо кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ба ИМА набояд иҷозат дода шавад, ки дар барномаҳои истифодаи об дар Осиёи Марказӣ иштирок кунад.
Ин нуктаро дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев зимни нишасти 18-уми раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт.
Дар робита ба ин, дабири Шӯрои амнияти Русия таваҷҷуҳи ҳамтоёни худро ба "талошҳои пайвастаи ғарбиҳо барои ширкат дар иҷрои барномаҳои истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ" ҷалб кардааст.
"Ман итминон дорам, ки иҷозат додан ба Иёлоти Муттаҳида ва дигар бозигарони беруназминтақавӣ ба ин масъалаи ҳассос бар зарари кор хоҳад буд", - таъкид кард Патрушев.
Ба гуфтаи ӯ, ин гуна тадбирҳо қобили қабул нестанд ва даъват кард, дар ин самт ҳамоҳангсозӣ бештар сурат бигирад.
Ин ҳушдор дар ҳолест, ки масъали обу энержӣ аз масоили баҳсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Аз ҷумла истифода аз манобеи об яке дигар аз баҳсҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари баҳсҳо сари қаламрав аст.
Ҳушдори ВКХ-и Тоҷикистон ба кишварҳо ва созмонҳои ҳамкор
Ахиран Душанбе аз намояндагони кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ хост, ҳангоми дарёфти дархост аз тарафи Қирғизистон барои иҷрои проектҳои мудирияти об дар минтақаҳои сарҳадӣ бисёр муроқиб бошанд ва бо мақомоти тоҷик ҳамоҳангу машварат кунанд.