ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Шаҳрванди Русия, ки дар қайди низомӣ қарор дорад, вале даъватнома нагирифтааст, бо сафар ба хориҷа қонуни "Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарсозӣ"-ро нақз мекунад, гуфт Андрей Клишас, раиси Кумитаи конститутсионии Шӯрои Федератсияи Русия.
Ӯ таъкид кард, ки қонун "Дар бораи тартиби хуруҷ аз Русия ва тартиби вуруд ба Русия" сафари чунин шаҳрвандонро ба хориҷи кишвар манъ намекунад.
“Бале, воқеан, тибқи Қонуни Русия “Дар бораи тартиби баромадан аз Русия ва тартиби ворид шудан ба Русия” манъи сафар танҳо ба шахсоне, дахл дорад, ки ба хидмати аскарӣ даъват шудаанд ва ё даъватнома барои пайвастан ба сафи артиш гирифтаанд. Конун барои шахсоне, ки дар кайди хизмати ҳарбӣ ҳастанд, вале то хол даъватнома нагирифтаанд, дар давраи сафарбарсозӣ дахл надорад”, - гуфт сенатори рус.
Оқои Клишас таъкид кард, ки ин гуна шаҳрвандон имкони ба хориҷ рафтанро доранд ва ҳеҷ махдудияте қавонин мукаррар накардааст.
"Агар ин гуна шахс дар давраи сафарбарсозӣ аз Русия берун рафта бошад, вай қавонини “басиҷшави”-ро вайрон кардааст, аммо Қонун дар "Дар бораи тартиби рафтан аз Русия"-ро вайрон накардааст", - навиштааст Клишас дар Telegram-канали худ.
Пештар вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки ҷорӣ кардани маҳдудият дар рафту омади шаҳрвандон ҳангоми басиҷшавии нисбӣ пешбинӣ нашудааст.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, бар асоси қонун “Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарсозӣ”, аз лаҳзаи эълони басиҷшавии нисбӣ берун рафтани шаҳрвандон аз макони зисти худ, ки дар қайди ҳарбӣ қарор доранд, бидуни иҷозаи комиссариатҳои ҳарбӣ манъ аст.