ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Пойтахти Қазоқистон мизбони нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар формати “Осиёи Марказӣ – Русия” мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Қазоқистон.
Ин чорабинӣ 14 октябри соли ҷорӣ дар Остона баргузор мешавад.
Ба ин тартиб, як рӯз пеш, 13 октябр, нишасти VI-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё оғоз шуда, рӯзи дигар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ низ баргузор мешавад.
Қазоқистон ба сабтиноми хабарнигорони хориҷӣ дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия шурӯъ мекунад, то як қатор чорабиниҳоро инъикос кунад.
Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон соли 2022 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ӯҳда дорад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар ҷаласаи муштарак сарони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ ширкат доштанд. Ҷаласаи вазирон дар авоили моҳи сентябр дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор шуда буд.