Кишварҳои ИДМ хатсайри ягона барои саёҳат омода мекунанд

Хатсайри нав бешубҳа машҳуртарин мавзеъҳои фарҳангӣ ва таърихии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла онҳое, ки ба Роҳи Абрешим шомиланд, дар бар мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якҷоя як хатсайри нави ягонаро барои саёҳат тавассути чанд кишвар омода мекунанд.
Маълум аст, ки саёҳати байналхалқй "Гарданбанди гаронбаҳои Иттиҳод" ном дорад.
Дар ин бора муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Бекетҷон Ҷумахонов дар ҳошияи Конфронси II байналмилалии илмӣ-амалии "Дурнамои рушди сайёҳӣ дар шароити муосир: тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва заминаҳои минтақавӣ", ки дар чаҳорчӯби Шӯрои сайёҳии ИДМ баргузор шуд, хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар як кишвари ИДМ барои рушди сайёҳии дохилӣ ва табодули гардишҳои сайёҳӣ имконоти бузург вуҷуд дорад.
"Ҳар як кишвари ИДМ бояд пешниҳодҳои худро омода кунад - на бештар аз даҳ чунин макони маъруфи сайёҳӣ, ки бештар аз он сайёҳон боздид мекунанд, ки ғановати фарҳангии кишварро пурратар ифшо мекунанд, то як лоиҳаи бузургро ба вуҷуд оранд",- гуфт ӯ.
Чунин лоиҳаи умумӣ, ба гуфтаи таҳиягарони он, на танҳо ба рушди сайёҳии дохилӣ, балки ба табодули гардишҳои сайёҳӣ байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Имзои созишномаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар
Ба гуфтаи ӯ, дар он ҳатман ёдгориҳои фарҳангӣ, ки ҷузъи Роҳи Абрешим мебошанд, шомил хоҳанд шуд.
Ҳамин тариқ Беларус аллакай қалъаҳои Несвиж ва Мир, инчунин Беловежская пушаро, ки дар ҷаҳон машҳур аст, пешниҳод кардааст.