ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Расонаҳо аз ихроҷи 9 то 200 шаҳрванди Афғонистон хабар доданд, аммо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки касеро ихроҷ накардааст.
Абдумусаввир Баҳодурӣ, роҳбари ҷамъияти "Ориёно", созмони муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, бархӯрди шадиди мақомоти Тоҷикистон ба бархе аз шаҳрвандони Афғонистон қонунӣ аст ва реша дар надонистани қавонини ин кишвар аз сӯи муҳоҷирин дорад.
“Муҳоҷироне, ки солҳо ба ин сӯ дар Тоҷикистонанд, қонуну қоидаҳои будубошро медонанд. Аммо онҳое, ки тоза вориди кишвар шудаанд, бахусус ҷавонон, огоҳӣ надоранд ва даст ба қонуншиканиҳо задаанд. Дар пайи муроҷиати созмони мо мақомоти Тоҷикистон як қатор маворидеро пешниҳод карданд, ки кас аз зикри онҳо шарм мекунад”, - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.
Роҳбари ҷамъияти "Ориёно", ки худ ҳудуди 30 сол ба ин сӯ дар Тоҷикистон зиндагӣ дорад, мегӯяд, мавориди истифодаи ҳаб (“таблетка”)-у банг ва бархе кирдорҳои ғайриахлоқиву шабгардиҳо аз сӯи мақомот сабт шуда, ки мӯҷиби муҷозоти афроди гунаҳкор шудааст.
“Масалан, дар шаҳри Ваҳдат, ки теъдоди қобили мулоҳизаи муҳоҷирини Афғонистон зиндагӣ мекунад, истифодаи “таблетка” қариб ки вуҷуд надошта, аммо аз сӯи муҳоҷирини мо ривоҷ дода шудааст. Бархе ҳам вақте боздошт мешаванд, дар киса “таблетка” – ву банг доштаанд. Онҳо ҳанӯз дарк накардаанд, ки ин ҷо Тоҷикистон аст, на Афғонистон, ки ҳар коре дилат хоҳад анҷом диҳӣ", - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ
Вай илова кард, ки азбаски Афғонистон як кишвари хатарнок аз лиҳози терроризм ба шумор меравад, мақомоти Тоҷикистон ҳам маҷбуранд тадобири худро барои амнияти кишварашон гиранд.
Қаблан расонаҳои мухталиф аз ихроҷи 9 то 200 шаҳрванди Тоҷикистон тайи як барномае аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар дода буданд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки фақат 29 шаҳрванди Афғонистонро ба маблағҳои мухталиф ҷарима кардааст ва ҳеҷ як аз онҳоро ихроҷ накардааст.
Тоҷикистон солҳо ба ин сӯ барои аксари шаҳрвандони Афғонистон ҳамчун кишваре барои сафар ба кишвари зисти доимӣ дар Амрикову Аврупо будааст. Дар ин миён ҳазорон нафар тариқи барномаи Созмони Милали Муттаҳид пас аз дарёфти ҳаққи иқомат дар кишварҳои хориҷӣ Тоҷикистонро тарк кардаанд.